Имрӯз дар бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мурғоб раиси ноҳияи Мурғоб муҳтарам Раҷабзода Ҳусния Ҳукуматшо Орозбеков Абдулхамид ҷоизадори озмуни ҷумҳуриявии “Илм фурӯғи маърифт” — ро қабул намуданд. Зимни суҳбат бо ғолиби озмуни болозикр раис ноҳия Орозбеков Абдулхамидро барои ноил шудан ба ин дастовардҳои баланд табрик намуда, қайд карданд, ки дастоварди Орозбеков Абдулхамид ин мувафақияти аҳли маорифи ноҳия мебошад. Пас аз суҳбат раиси ноҳия ғолиби озмунро бо ифтихорнома ва тӯҳфаи хотиравӣ қадрдонӣ намуда, даъват ба амал оварданд, ки минбаъд низ кушишу ғайраташонро барои азхуд намудани илму дониш дучанд намоянд.
Ёдовар бояд шуд, ки Орозбеков Абдулхамид дар даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии “Илм фурӯғи маърифат” иштирок ва сазовори ҷойи дуюм гардида, бо диплом ва 50 000 сомонӣ қадрдонӣ гард, ки боиси ифтихору сарфарозии ҳар як сокини ноҳияи Мурғоб мебошад.







