Санаи 19 январи соли 2026 ҷаласаи назоратии назди раиси ноҳияи Мурғоб баргузор гардид. Дар ҷаласа аз тарафи раиси суди Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон муҳтарам Умарзода Фирдавс ва Раҷабзода Ҳусния Ҳукуматшо раиси ноҳияи Мурғоб кадрҳои навтаъин, ки бо фармон ва розигии хатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мансабҳои гуногун таъин шудаанд муарифӣ гардиданд.
Каримӣ Акбаралӣ собиқ раиси суди ноҳияи Мурғоб бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи раиси суди ноҳияи Мурғоб ва Ғарибшозода Раҳим ба вазифаи раиси суди ноҳияи Мурғоб таъин гардид.
Раиси суди Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон Умарзода Фирдавс маълумотнома оиди фаъолияти Ғарибшозода Раҳим суди навтаъини ноҳияро ба иштирокдорони ҷаласа хонда барои Ғарибшозода Раҳим дар корҳои минбаъдаашон бурдбориву комёбиҳо таманно намуданд.
Инчунин Курбанбаев Жунусбек, ки бо розигии хатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъин шуданд, ба аҳли нишаст муарифӣ гардида, раиси ноҳия ба собиқ раиси суди ноҳия Каримӣ Акбаралӣ барои фаъолияти пурсамарашон дар таъмини волоияти қонун, саҳмгузорӣ дар корҳои ободкориву созандагӣ изҳори миннатдорӣ намуда, барои шахсони навтаъин мувафақияту бурдбориҳо дар фаъолияташон баён намуда, қайд карданд, ки таъин ба мансабҳои болозикр нишона аз боварии махсуси роҳбари давлат мебошад ва ҳар як шахси масъул вазифадор аст, ки барои арзанда будан ба чунин бовариҳо дар таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ, истиқлолияти комил ва ободит ватани азиз саҳмгузор бошанд.














