Санаи 28 уми январи соли 2025 раиси ноҳияи Мурғоб муҳтарам Раҷабзода Ҳусния Ҳукуматшо аз беморхонаи марказии ноҳия дидан намуда бо рафти таъмири беморхонаи марказии ноҳия аз наздик шинос шуда бо сартабибон ва кормандони соҳаи тандурустии ноҳия мулоқот баргузор намуданд.
Зимни шиносоӣ бо корҳои таъмирию сохтмонӣ Раҷабзода Ҳусния Ҳукуматшо раиси ноҳияи Мурғоб ба рафти корҳо баҳои баланд дода ба сохтмончиён ва масъулини он баҳри дар сатҳи зарурӣ ва бо сифати баланд ба анҷом расонидани корҳои таъмирӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Бояд қайд кард, ки зимни вохӯрӣ бо кормандони соҳаи тандурустӣ раиси ноҳия аз Паёми навбатии Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии кишвар ёдовар шуда зикр намуданд, ки таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат, хоссатан Пешвои муаззами миллат ба соҳаи тандурустӣ аввалиндараҷа буда ба фаъолони ин соҳа ғамхории махсус зоҳир менамоянд. Вобаста ба ин ғамхорӣ масъулини соҳа баҳри солимгардонии аҳолӣ, дар сатҳи баланд ба роҳ мондани ёрии тиббӣ, дастрасии сокинон ба ёрии аввалияи тиббӣ ва ба роҳ мондани хизматрасониҳои дигари тиббӣ чораҳои зарурӣ андешида фаъолияташонро дар ин самт боз ҳам пурзӯртар намоянд.