Санаи 26 ноябри соли 2024 Раиси ноҳияи Мурғоб Раҷабзода Ҳусния Ҳукуматшо бо мақсади шиносоӣ бо ҳолати кунунии соҳаи маориф, вазъи таълиму тарбия, риояи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатӣ”, “Масъулият барои таълиму тарбияи кудак”, “Тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон”, масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи омӯзиши илмҳои таббӣ ва риёзӣ, бо гурӯҳи корӣ ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Мурғоб ташриф оварданд.
Нахуст Раҷабзода Ҳусния Ҳукуматшо Раиси ноҳияи Мурғоб аз МТМУ №1, 9 ,12, 14 дидан намуда, бо хонандагон сӯҳбат доир намуданд. Вобаста ба ин дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо аҳли соҳаи маориф мулоқот ташкил ва баргузор гардида, дар он Раиси ноҳияи Мурғоб баромад намуданд.
Зимни суханронии хеш Раҷабзода Ҳусния Ҳукуматшо Раиси ноҳияи Мурғоб аз суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар, ки санаи 30 майи соли 2024 доир гардид, ёдоварӣ намуданд.
Қайд гардид, ки Пешвои муаззами миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон такроран таъкид намуданд, ки ҷавонону наврасон бояд илму дониш омӯзанд, забонҳои хориҷиро аз худ кунанд, омӯзгорону зиёиён бояд шогирд тарбия намоянд, хонандагонро соҳибмаърифат соҳибкасбу соҳибҳунар, гардонанд, онҳоро дар рӯҳияи рисолати Ватандорӣ, садоқат ба Тоҷикистони маҳбуб тарбия намоянд.
Ҳамзамон, аз оғози даврони соҳибистиқлолӣ то имрӯз масъалаҳои мактабу маориф ва омӯзгору хонанда таҳти таваҷҷӯҳ ва ғамхории аввалиндараҷаи Ҳукумати мамалакат қарор дошта, раванди ислоҳоти соҳаи маориф ва таҷдиду навсозӣ дар ҳама самтҳои он бо маром идома дорад.
Пайравӣ ба гуфтаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раҷабзода Ҳусния Ҳукуматшо Раиси ноҳияи Мурғоб аҳли маорифи ноҳияро вазифадор намуд, ки ҷиҳати фарогирии бештари кудакон ба таълиму тарбияи томактабӣ, дастрасӣ ба таҳсилоти босифат, баланд бардоштани савияи дониши хонандагон, ҷалби омӯзгорони соҳибтаҷриба ва дорои қобилияти баланди омӯзгорӣ аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намуда, ба хонандагон илму дониш, касбу ҳунар, ва одобу ахлоқ, омӯзиши забони давлатӣ, истифодаи техникаву технологияҳои муосир омӯзанд. Онҳоро ҳамчун шахсиятҳои худшиносу худогоҳ, масъулиятшинос ва Ватанпарвару заҳматдӯст ба камол расонанд.
Шиносоии Раиси ноҳияи Мурғоб Раҷабзода Ҳусния Ҳукуматшо аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва доир намудани мулоқот бо аҳли маорифи ноҳияи Мурғоб
27