Дар доираи амалисозии сиёсати созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бахшида ба ҷашни муқаддаси милливу давлатӣ — 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ, дар ноҳияи стратегӣ ва марзии Мурғоб вохӯрии сиёсию мафкуравии Муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гиёҳзода Азиз Қодир бо сокинону фаъолони ноҳия доир гардид. Мулоқоти мазкур бо мақсади таҳкими ваҳдати миллӣ, шарҳу тавзеҳи дастовардҳои сиёсии даврони соҳибистиқлолӣ ва сафарбаркунии сокинон ба корҳои ободониву созандагӣ дар партави дастурҳои Сарвари давлат ташкил карда шуд.Ҷаласаро Раиси ноҳияи Мурғоб Раҷабзода Ҳусния Ҳукуматшо ҳусни оғоз бахшида, ҳайати меҳмонони олиқадр ва намояндагони мақомоти қонунгузор ва иҷроияро муаррифӣ намуд.
Раиси ноҳия зимни суханронии худ аҳамияти сиёсии ин вохӯриро таъкид карда, изҳор дошт:«Мурғоб ҳамчун дарвозаи шарқии Тоҷикистон ҳамеша дар маркази диққати махсус ва ғамхориҳои инсонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Вазифаи сиёсиву шаҳрвандии ҳар яки мо аз он иборат аст, ки бо заҳмати содиқона ва суръатбахшии корҳои ободонӣ, амнияти идеологии минтақаро таъмин намуда, ҷашни 35-солагии Истиқлолиятро бо дастовардҳои бузурги давлатӣ пешвоз гирем»
Гиёҳзода Азиз Қодир Муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баромади худ меҳвари сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишварро зери роҳбарии Пешвои миллат мавриди таҳлили амиқ қарор дод. Таъкид гардид, ки Истиқлолияти давлатӣ бузургтарин неъмат ва заминаи асосии эъмори давлатдории муосири тоҷикон аст. Вакили парлумон изҳор дошт, ки маҳз ба шарофати иродаи сиёсии Сарвари давлат имрӯз дар кӯҳистони Мурғоб инфрасохтори ҳаётан муҳим бунёд ёфта, сатҳи зиндагии мардум устувор гардидааст. Аз сокинон даъват ба амал оварда шуд, ки дар шароити ҳассоси геополитикии ҷаҳони муосир ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, бар зидди ҳар гуна таҳдиду хатарҳои идеологӣ муттаҳид бошанд ва дар ободонии ватан саҳми барҷаста гузоранд.Фирӯзи Рамазон — Сардори шуъбаи коргузори протоколии дастгоҳи Раиси ВМКБ дар баромади худ роҷеъ ба татбиқи амалии дастуру супоришҳои Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қаламрави вилоят гузориш дод.
Қайд гардид, ки рушди Мурғоб ва сари вақт иҷро шудани нақшаҳои сохтмонию ободонӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлолият зери назорати доимии роҳбарияти вилоят қарор дорад. Ӯ таъкид намуд, ки ҳар як сокини ноҳияи марзӣ бояд худро ҳимоятгари сиёсати давлат ва бунёдкори ин диёр ҳисоб кунад. Дастгоҳи Раиси вилоят барои дастгирии ҳамаҷонибаи ташаббусҳои созандаи мардуми Мурғоб тамоми имкониятҳоро сафарбар менамояд.
Вохӯрии мазкур нишон дод, ки сокинони шарафманди ноҳияи Мурғоб сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллатро комилан дастгирӣ намуда, омодаанд бо нишон додани масъулияти баланди шаҳрвандӣ дар таҳкими Истиқлолият ва ободии Тоҷикистони маҳбуб нақши таърихии худро гузоранд.








