Дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, рӯйдоди таърихӣ дар соҳаи маорифи ноҳияи Мурғоб ба амал омад. Бо мақсади таҳкими сиёсати иҷтимоии давлат ва фарогирии кӯдакони баландкӯҳ бо таълиму тарбияи замони нав, силсилаи муассисаҳои томактабӣ дар Ҷамоати деҳоти Рангкул барои 35 кӯдак ва деҳаи Булункул барои 30 кӯдак ботантана ба истифода дода шуданд.
Ин иқдоми стратегӣ бо иштироки бевоситаи узви Маҷлиси Миллӣ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси ноҳияи Мурғоб муҳтарам Раҷабзода Ҳусния Ҳукуматшо, Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иуҳтарам Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон, Муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муззафарзода Баҳриддин сурат гирифта, намунаи олии ҳамоҳангии сохторҳои давлатиро дар амалӣ намудани супоришҳои Роҳбари давлат нишон дод. Бунёди ин иншооти муҳим гувоҳӣ медиҳад, ки имрӯз тамоми неруи сохторҳои марказӣ ба хотири рушди инфрасохтори иҷтимоӣ ва беҳтар кардани сифати зиндагии сокинони нуқтаҳои марзии кишвар сафарбар шудааст.
Бо таваҷҷуҳи хос ба иқлими сахти Помири Шарқӣ, ин кӯдакистонҳо бо шароити беназири муосир, аз ҷумла ҳуҷраҳои барҳавои машғулият, хобгоҳҳои бароҳат ва ошхонаҳои муҷаҳҳаз бо технологияҳои нави пухтупаз таъмин гардидаанд, ки таъминоти кӯдаконро бо хӯроки гарму босифат ва бехатарии онҳоро пурра кафолат медиҳанд. Ин стандартҳои баланд имкон медиҳанд, ки насли навраси Мурғоб дар шароити бароҳат ва гарм ба дунёи илму дониш қадамҳои аввалини худро гузошта, аз адолати воқеии иҷтимоӣ ва баробарии имкониятҳо бархурдор шаванд.
Ифтитоҳи ин марказҳои маърифатӣ дар сарҳади кишвар танҳо як рӯйдоди соҳавӣ набуда, балки пойдевори устувори амнияти маънавӣ ва тарбияи ватандӯстии насли ояндасоз мебошад. Мурғоб ҳамчун қалъаи устувори Тоҷикистони соҳибистиқлол, имрӯз дар сояи сиёсати инсонпарваронаи Пешвои миллат рушд мекунад ва садои хандаи кӯдакон дар ин деҳоти баландкӯҳ паёме аз ояндаи дурахшону пойдори давлатдории миллии мост.


