ТАҲКИМИ ИНФРАСОХТОР ВА НАМОИШИ ДАСТОВАРДҲО ДАР НОҲИЯИ МУРҒОБ
Дар доираи нақша-чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мурғоб, тантанаҳои бошукӯҳи ҷашнӣ ба ифтихори 35-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мароми хос ва рӯҳияи баланди ватандӯстӣ идома доранд. Нимаи дуюми рӯзи 2-юми сентябр, пас аз баргузории раҳпаймоии муҳташами идона, дар майдони Парчам ва Нишони давлатӣ намоиши дастовардҳои соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи ин ноҳияи баландкӯҳ доир гардид.
Дар чорабинии мазкур узви Маҷлиси Миллӣ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси ноҳияи Мурғоб муҳтарам Раҷабзода Ҳусния Ҳукуматшо, муовини якуми Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти нади Ҳукумати Ҷумҳурии тоҷикистон Шукурзода Исфандиёр Шукур иштирок намуданд.
Дар рафти чорабинӣ, дар партави сиёсати созанда ва дастгириҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба масъулони ҷамъияти истифодабарандагони чарогоҳҳои ҷамоатҳои деҳоти Мурғоб, Қарақул ва Ғоҷо Бердибаев калидҳои 4 адад трактори муосири кишоварзӣ ба таври тантанавӣ супурда шуд. Техникаи мазкурро аз номи Роҳбари давлат, раиси ноҳияи Мурғоб Раҷабзода Ҳусния Ҳукуматшо, муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Исфандиёр Шукурзода ба намояндагони соҳа тақдим намуданд.
Ҳайати расмӣ зимни боздид аз хаймаҳои идона ва намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ба рушди соҳа дар шароити гармхонаҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуд. Қайд гардид, ки солҳои охир дар баробари сокинони таҳҷоӣ, кормандони мақомоти қудратӣ низ ба парвариши сабзавот дар гармхонаҳо ворид шудаанд. Ҷиҳати зиёд намудани ҳаҷми истеҳсолот, консервакунонии маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза ва ба савдо баровардани онҳо пешниҳодҳои мушаххаси сиёсӣ-иқтисодӣ ва тавсияҳои судманд дода шуданд.
Дар намоишгоҳ санъати волои кадбонуҳо ва ҳунарҳои мардумии хоси сокинони тоҷику қирғизтабори ноҳия манзур гардид. Ин инъикоси барҷастаи сиёсати хирадмандонаи Ҳукумати кишвар дар самти таҳкими дӯстии халқҳо, ҳифзи гуногунии фарҳангӣ ва арзишҳои муштараки таърихӣ дар ин минтақаи баландкӯҳ мебошад.
Раиси ноҳияи Мурғоб Ҳусния Раҷабзода кулли бошандагони диёрро бо ин санаи муқаддаси тақдирсоз табрик намуда, роҷеъ ба 35 соли рушди бемайлони ноҳия ибрози назар кард. Таъкид гардид, ки дар партави сиёсати созандаи Пешвои миллат, Мурғоб ба дастовардҳои беназири геоиқтисодӣ ноил шуда, ба Дарвозаи ҳақиқии Шарқии кишвар мубаддал гашт. Имрӯз ҳатто рустоҳои дурдасттарини ноҳия бо неруи барқ ва алоқаи доимӣ таъмин буда, бо бунёди инфрасохтори замонавии соҳаҳои маориф ва тандурустӣ, тафовут миёни шаҳрак ва деҳот комилан аз байн бардошта шудааст.
Дар навбати худ, муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҶТ сокинони сарбаланди ноҳияро таҳният гуфта, оид ба ташаккулёбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва демократӣ суханронӣ намуд.
Чорабинии сиёсӣ-фарҳангӣ бо супоридани Сипосномаҳои мақомоти давлатӣ ба фаъолони соҳаҳои гуногун ва барномаи консертии аҳли ҳунари ноҳия, ки тараннумгари Истиқлол, Ваҳдат ва соҳибдавлатии миллати тоҷик буд, бо шукӯҳу шаҳомати хос анҷом ёфт.






















