


















Бо мақсади сазовор пешвоз гирифтан аз 28 умин солгарди рӯзи Ваҳдати миллӣ дар майдони Нишон ва Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи баландкуҳи Мурғоб бо иштироки узви Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси ноҳияи Мурғоб муҳтарам Раҷабзода Ҳусния Ҳукуматшо, Раиси Кумитаи ҳифзи Муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон, роҳбарони идораву муассиаҳои ноҳия ва сокинони шаҳраку Ҷамоатҳои ноҳия чорабинии бошукуҳи идона баргузор гардид.
Бояд қайд намуд, ки намоиши ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ, дастовардҳои варзишию саёҳӣ, маҳсулотҳои кишоварзӣ аз ҷониби фаъолони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ба базмгоҳ ҳуснни хосса зам намуд.
Зимни баромади хеш раиси ноҳияи Мурғоб муҳтарам Раҷабзода Ҳусния Ҳукуматшо қайд намуданд, ки бо талошу ҷонфидоиҳои Пешвои муаззами миллат имрӯз мо тоҷикон дар фазои сулҳу оромӣ, ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ватани азизамонро обод намуда истодаем.
Маҳз талошу заҳматҳои хатстанопазирии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки мо тоҷикон имрӯз дар арсаи байналмиллалӣ обрӯю эътибори хосса дошта дар фазои сулҳу ҳамдигарфаҳмӣ ҳаёт ба сар бурда истодаем — қайд намуданд зимни баромади хеш Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон,
Дар фарҷом аз тарафи фаъолони фарҳанги ноҳия барномаи ҷолиби фарҳанги пешкаши сокинон ва меҳмонони ноҳия гардид.