Санаи 18 августи соли 2025 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мурғоб бо иштироки узви Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси ноҳияи Мурғоб муҳтарам Раҷабзода Ҳусния Ҳукуматшо, роҳбарони идораву муассисаҳои ноҳия ва кормандону собиқадарони соҳаи тандурустӣ чорабинии тантанавӣ бахшида ба “Иди касбии кормандони соҳаи тиб” ташкил ва баргузор гардид.
Дар саҳни бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мурғоб дастовардҳои соҳаи тандурустии ноҳия, техникаву таҷҳизоти муосир, ки барои табобати беморон истифода мешаванд ба маррази тамошо гузошта шуда, аз тарафи масъулони соҳа раиси ноҳия ва ҳайати меҳмонон бо он шинос гардонида шудаанд.
Зимни баромади хеш Раҷабзода Ҳусния Ҳукуматшо раиси ноҳияи Мурғоб кормандон ва собиқадорони соҳаи тандурустиро бо иди касбиашон табрику таҳният намуда қайд карданд, ки дар сатҳи баланди маънавию фарҳангӣ таҷлил кардани иди касбии кормандони тиб, воқеан ба зодрӯзи асосгузори тибби ҷаҳон, нобиғаи оламшумул, олим, файласуф, донишманд, классики адабиёти тоҷику форс ва энсиклопедисти беҳамто Абӯалӣ ибни Сино рост меояд.
Саломатӣ барои инсон давлати бузург ва аз зару зевар қимматтар аст ва ана ҳамин сиҳатиро маҳз табибон ва кулли кормандони муассисаҳои тандурустӣ ҳифз мекунанд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати оқилонаи хеш ба рушди иҷтимоиёт ва иқтисодиёти кишвар таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, таъкид доранд, ки «Агар ҳадафи мо бунёди ҷомеаи солим ва соҳибмаърифат бошад, пас таваҷҷуҳамонро ба ҳифзи саломатии ҳар як инсон равона намоем. Дар хотир дорем, ки танҳо насли аз ҷиҳати ҷисмонӣ ва маънавӣ солим метавонад бунёдгузори ҷомеаи нав бошад».
Ҳукумати мамлакат дар сиёсати иҷтимоии худ навсозиҳоро дар соҳаи тандурустӣ самти афзалиятнок арзёбӣ намуда, маблағгузориро ба ин соҳаи ҳаётан муҳим сол аз сол афзоиш дода, шароити инфрасохтори соҳаро ба талаботи замон мутобиқ гардонида истодааст.
Айни ҳол тавассути амалӣ гардонидани тадбирҳои зарурӣ дастрасии кӯмакҳои аввалияи тиббию санитарӣ ба аҳолии кишвар тавсеа ёфта, бунёди иншооти муосири тиббӣ ва таъмин намудани онҳо бо технологияҳои навтарини ташхису табобат бомаром идома дорад.
Ноҳияи дурдасти Мурғоб низ дар қатори дигар гушаву канори ватани азизамон аз ин ғамхориҳои роҳбари олии малакат дар канор набуда инфрасохтори соҳаи тандурустӣ бунёду азнавсозӣ гардида техникаву технологияҳои муосир барои табобати беморон таъмин гардида истодаанд.
Дар беморхонаи марказии ноҳия 70 нафар корманд аз онҳо 60 нафар занон, дар кӯмаки аввалияи тиббию санитарии ноҳия 68 нафар аз онҳо 48 нафар занон, дар маркази назорати давлатии санитарӣ ва эпидемиологии ноҳия 20 нафар аз онҳо 12 нафар занон ва дар ВНМО-и ноҳия 7 нафар занон кору фаъолият намуда, дар умум 165 нафарро ташкил медиҳад.
Инчунин дар ноҳияи Мурғоб 7 бунгоҳи тиббӣ, 5 маркази саломатии деҳот ва 1 маркази саломатии ноҳия фаъолият дорад ва муҳимаш дар онҳо беҳтарин табибон ва ҳамшираҳои шафқат кор ва фаъолият намуда, вазифаи хешро софдилона ба иҷро расонида, беморонро бо маҳорати баланд табобат намуда истодаанд. Қобили зикр аст, ки тайи чанд соли охир бо дастуру супоришҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон инфрасохтори соҳаи тандурустии ноҳия азнавсозӣ гардида, дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру навоии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон бунгоҳи тиббӣ дар деҳаи Гулзори Ҷамоати деҳоти Рангкул бо тамоми шарту шароити замонавӣ дар як муддати кутоҳ сохта ба истифода дода шуд. Беморхонаи марказии ноҳияи Мурғоб яке аз идораҳои махсуси табобатгирандаи аҳолии ноҳияи Мурғоб ба ҳисоб рафта, дар шуъбаи ҷароҳӣ ва шуъбаи кӯдаконаи беморхонаи марказии ноҳия корҳои таъмирӣ ва таъмини он бо тамоми техникаву таҷъизотҳои муосир идома дошта дар ояндаи наздик ба истифода дода хоҳад шуд. Илова бар ин корҳои сохтмони дар маркази дандонпизишки ноҳия идома дорад, ки бо ба истифода додани он беморхонаи марказӣ метавонад талаботи сокинонро баҳри табобати дандон пурра таъмин намояд.
Инчунин собиқадорон ва кормандони соҳаи тандурустии ноҳия баромад намуда аз шарту шароит, ки барои фаъолият ва табобати беморон фароҳам оварда шудаанд ба роҳбарияти олии малака изҳори сипос намуда ваъда доданд, ки дар роҳи солимгардонии аҳолӣ фаъолияташонро дучанд менамоянд.
Дар охир бархе аз фаъолону собиқадорони соҳаи тандурустии ноҳия бо ифтихорномаву туҳфаҳои раиси ноҳия қадрдонӣ гардида, барномаи ҷолиби фарҳангӣ аз тарафи аҳли фарҳанги ноҳия пешкаши ҷамомадагон гардид.