Санаи 10 ноябр дар толори шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Мурғоб бо иштироки бевоситаи раиси ноҳияи Мурғоб муҳтарам Раҷабзода Ҳусния Ҳукуматшо, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳайати шахсии шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Мурғоб, собиқадорони милитсия чорабинии тантанавӣ бахшида ба “Иди касбии милитсия” баргузор гардид.
Ч
орабинӣ бо садо додани суруди миллӣ оғоз гардида, Раҷабзода Ҳусния Ҳукуматшо раиси ноҳияи Мурғоб ҳамаи кормандон ва собиқадорони милитсияи тоҷикро бо иди касбиашон табрикку таҳният намуда, қайд карданд, ки кормандони милитсия ва ҳайати шахсии он дар солҳои бисёр душвору ҳассоси таърихи навини халқи тоҷик якҷо бо дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои ҳарбӣ барои барқарорсозии ҳокимияти конститутсионӣ, таъмин намудани суботу оромӣ, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва мубориза бо ҷинояткорӣ саҳми таърихӣ гузоштанд.
Тибқи қонунгузорӣ масъулияти басо муҳимми давлатӣ – ҳифзи молу мулк ва ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои мардум, таъмин намудани тартиботи ҷамъиятӣ, волоияти қонун ва мубориза бо ҷинояткорӣ ба уҳдаи кормандони милитсия вогузор гардидааст.
Кормандони ин ниҳоди бонуфузи ҳифзи ҳуқуқ бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ва ватандӯстиву ватанпарастӣ аз оғози расидан ба истиқлолу озодӣ ҳимояи ин неъмати гаронбаҳои давлату миллат, яъне вазифаи муқаддаси худро сарбаландона иҷро карда истодаанд.
Барқарорсозии сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва таъмин намудани шароиту муҳити орому осуда барои зиндагии мардум ва корҳои ободониву созандагӣ, ки имрӯз дар кишвар густаришу тавсеа пайдо карда истодааст, натиҷаи саъю талоши ватандӯстона ва матонату садоқати кормандони милитсия, дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои ҳарбии давлати соҳибихтиёри Тоҷикистон мебошад. Вазорати корҳои дохилӣ яке аз сохторҳои муҳимми мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба ҳисоб рафта, саҳми онҳо дар таъмин намудани тартиботи ҷамъиятӣ, мубориза бо ҷинояткорӣ ва дигар омилҳои халалдоркунандаи ҳаёти осоиштаи мардум басо арзишманд мебошад.
Дар солҳои душвори мухолифатҳои дохилӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ афсарону кормандони милитсия қарзи ватандории худро садоқатмандона иҷро карда, дараҷаи баланди маҳорати касбию ҷангӣ нишон доданд. Ҳайати шахсии он дар амалиётҳои махсус оид ба безараргардонии гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ ҳамеша пешсафи набардҳо буданд.
Имрӯз низ кормандони милитсия ҳамчун ниҳоди боэътимоди ба душвориҳо тобовар вазифаҳои хизматии худро содиқона иҷро карда истодаанд. Вақтҳои охир мардуми сайёраро зуҳуроти хатарноку фоҷиабори терроризму ифротгароӣ, радикализми динӣ, қочоқу муомилоти маводи мухаддир, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили фаромарзӣ сахт ба изтиробу нигаронӣ овардаанд.
Дар охир бархе аз кормандон ва собиқадорони милисия бо рутбаҳои навбатӣ, сипосномаи вазири корҳои дохилӣ, раиси ноҳия ва сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Мурғоб қадрдонӣ гардида, барномаи ҷолиби фарҳангӣ анҷомбахши мантиқии чорабинӣ гардид.






























