Санаи 24 ноябр бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мурғоб чорабнии тантанавӣ бо иштироки муовини якуми раиси ноҳияи Мурғоб, кормандони шуъбаву юахшҳои дастгоҳи раиси ноҳия, роҳбарони идораву муассисаҳо, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо фарогирии васеъи сокинони ноҳия ташкил ва баргузор гардид.
Иштирокдорон таҳти шиори “Парчамат бодо парафшон Тоҷикистон” раҳпаймоӣ аз бинои куҳнаи МИҲД — и ноҳия то майдони Нишон ва Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Мурғоб баргузор намуда, бо садо додани суруди миллӣ чорабинии тантанавӣ ифтитоҳ гардид.
Муовини аввали раиси ноҳия иштирокдоронро бо ин рӯзи фархунда аз номи узви Маҷлиси Миллӣ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси ноҳияи Мурғоб муҳтарам Раҷабзода Ҳусния Ҳукуматшо табрик намуда қайд карданд, ки пас аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ дар ҳаёти сиёсӣ ва иқтисодии ҷумҳуриҳои дар ҳайати Иттиҳоди Шуравӣ қарордошта, аз ҷумла, Тоҷикистон марҳилаи нав оғоз ёфт. Ҷумҳуриҳои иттифоқ давлатҳои соҳибистиқлолу озод гардиданд ва ин боис шуд, ки ҳар давлати мустақил Парчами худро ҳамчун рамзи давлатдорӣ, соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти давлатӣ қабул намоянд.
Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24-уми ноябри соли 1992 аз ҷониби Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст. Минбаъд ин сана ҳамчун ҷашни умумимиллӣ аввалин маротиба рӯзи 24-уми ноябри соли 2009 бо ифтихор аз давлату давлатдорӣ ва соҳибистиқлолию соҳибихтиёрӣ, яъне баъди қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид”” Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон 24-уми ноябр бошукӯҳ ҷашн гирифта мешавад. Дар саросари кишвар вобаста ба ин ҷашнвораю ҷамъомад ва маъракаҳои сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангию варзишӣ баргузор мегарданд.
Дар навбати худ, дар баробари Нишон, Артиш ва асъори миллӣ Парчам низ яке аз муқаддасоти миллӣ ва рукнҳои давлатдорист. Парчам баёнгари хусусият, ифшогари ниёзҳо ва инъикоскунандаи сарватҳои маънавию моддии миллат аст. Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи истиқлолияти воқеии Тоҷикистон буда, дар худ тамоми арзишҳои милливу мазҳабиамонро таҷассум намудааст.
Дар охир аз тарафи аҳли фарҳанги ноҳия чорабинии ҷолиби фарҳангӣ пешкаши тамошобинон гардид.


























