Санаи 3 октябри соли 2025 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мурғоб бо иштироки муовини якуми раиси ноҳияи Мурғоб Пайшанбизода Неру Муродгул, кормандони шуъбаву бахшҳои дастгоҳи раиси ноҳия, воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарони идораву муассисаҳои ноҳия, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ чорабинии тантанавӣ бахшида ба “Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ташкил ва баргузор гардид.
Дар саҳни бино муассисаҳои таълимии ноҳия аз дастовардҳои маърифативу фарҳангӣ ва варзишӣ, ки дар даврони фаъолияташон ноил гаштаанд намоиш баргузор намуда, ба ҳайати расмӣ муаррифӣ намуданд.
Чорабинӣ бо садо додани суруди миллӣ оғоз гардида, мувини якуми раиси ноҳия аҳли нишаст ва омӯзгоронро бо “Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Рӯзи омӯзгорон” аз номи узви Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси ноҳияи Мурғоб муҳтарам Раҷабзода Ҳусния Ҳкуматшо табрик намуда қайд карданд, ки арҷ гузоштан ба забони модарӣ имконият фароҳам меоварад, ки бедории тафаккури худшиносии миллӣ ва худогоҳиву меҳанпарастӣ тақвият дода шаванд. Забон муҳимтарин унсури бақои миллат буда, оинаи рӯзгори гузаштаву ҳозира ва маҷмуъи тафаккуру андешаи халқ ба ҳисоб рафта, яке аз арзишмандтарин сарчашмаҳои мероси гузаштагон барои наслҳои оянда арзёбӣ мегардад. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон забонро хишти аввалини кохи миллат хонда, онро нахустсутуни тафаккури миллӣ номидаанд; “Фарзанд сухани аввалинро аз забони модар ёд мегирад ва модарону хоҳарони моро зарур аст, ки ба фарзандонашон ҳарчӣ бештар ва амиқтар омӯхтани забони адабиро талқин намоянд”.
Дар идома бархе аз кормандону фаъолони соҳаи маориф барои саҳмгузории арзанда дар баланд бардоштани мақоми забони давлатӣ дар ҷомеа, тарбияи насли наврас дар руҳияи худшиносиву худогоҳӣ, нишон додани маллакаи касбӣ, ноил шудан ба дастовардҳои назаррас дар фаъолияти меҳнатӣ ва бахшида ба “Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо ифтихорномаи раиси ноҳия ва аз тарафи КИҲХДТ дар ноҳия омӯзгороне, ки ба аъзогии ҲХДТ қабул гардидаанд бо шаҳодатномаи ҳизб сарфароз гардонида шуда, барномаи ҷолиби фарҳангӣ анҷомбахши мантиқии чорабинӣ гардид.








































