Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамасола 24 ноябр дар ҳама шаҳру ноҳияҳои кишвари азизамон таҷлил мегардад, санаи 23 ноябри соли 2024 бо иштироки узви Маҷлиси Миллӣ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси ноҳияи Мурғоб муҳтарам Раҷабзода Ҳусния Ҳукуматшо дар ноҳияи Мурғоб роҳпаймоии идона аз назди бино куҳнаи МИҲД — и ноҳия то майдони Парчам ва Нишон баргузор гардид, ки дар он тамоми қишрҳои ҷомеа аз ҷумла сокинону ҷавонон, занон кормандони идораву муассисаҳои ноҳия ва сарбозон иштирок намуданд.
Сипас дар майдони нишон ва парчам чорабинии тантанавӣ бо садо додани суруди миллӣ оғоз гардид.
Зимни баромади хеш Раиси ноҳия муҳтарам Раҷабзода Ҳусния Ҳукуматшо оиди моҳияту муқаддас будани Парчами давлатӣ ибрози андеша намуда қайд карданд, ки Пас аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ дар ҳаёти сиёсӣ ва иқтисодии ҷумҳуриҳои дар ҳайати Иттиҳоди Шуравӣ қарордошта, аз ҷумла, Тоҷикистон марҳилаи нав оғоз ёфт. Ҷумҳуриҳои иттифоқ давлатҳои соҳибистиқлолу озод гардиданд ва ин боис шуд, ки ҳар давлати мустақил Парчами худро ҳамчун рамзи давлатдорӣ, соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти давлатӣ қабул намоянд.
Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24-уми ноябри соли 1992 аз ҷониби Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст. Минбаъд ин сана ҳамчун ҷашни умумимиллӣ аввалин маротиба рӯзи 24-уми ноябри соли 2009 бо ифтихор аз давлату давлатдорӣ ва соҳибистиқлолию соҳибихтиёрӣ, яъне баъди қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид”” Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон 24-уми ноябр бошукӯҳ ҷашн гирифта мешавад. Дар саросари кишвар вобаста ба ин ҷашнвораю ҷамъомад ва маъракаҳои сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангию варзишӣ баргузор мегарданд.
Дар охири чорабинӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи фарҳангӣ пешкаши ҳозирин карда шуд.