Санаи 31 декабри соли 2025 дар майдони Нишон ва Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Мурғоб бо иштироки узви Маҷлиси Миллӣ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси ноҳияи Мурғоб муҳтарам Раҷабзода Ҳусния Ҳукуматшо чорабинии тантанавӣ бахшида ба соли нави мелодӣ ташкил ва баргузор гардид.
Раҷабзода Ҳусния Ҳукуматшо раиси ноҳияи Мурғоб зимни баромади хеш ҳамаи сокинони ноҳияро бо фарорасии соли нави мелодии 2026 табрику муборакбод намуда қайд карданд, ки соли нав дар таърихи тамаддуни башарият, сарфи назар аз он, ки ба кадом намуди солшуморӣ тааллуқ дорад ва ба кадом фасли сол рост меояд, бо қадами хуҷастаи худ ҳамеша хушнудиву хушҳолӣ меорад. Мо — тоҷикон дар гузашта аз рӯи тақвим ва солшумориҳои суғдиву зардуштӣ ва баъдан хуршедиву ҳиҷрӣ зиндагӣ мекардем ва дар давоми ду асри охир аз солшумории мелодӣ истифода бурда, мувофиқи он фаро расидани соли навро расман ҷашн мегирем. Дар арафаи соли нав натиҷагирӣ кардан аз бурду бохтҳои соли сипаришаванда ва тарҳрезии нақшаҳо барои соли оянда барои мо ба ҳукми анъана даромадааст. Ба ин маънӣ, агар ба роҳи паймудаи мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлол дар соли рафтаистода назар андозем, итминон ҳосил мекунем, ки соли 2025-ум дар маҷмӯъ соли вусъати созандагиву бунёдкорӣ, иқдому ташаббусҳои наҷиб ва густариши худшиносиву худогоҳии миллӣ буд.
Соли 2025 дар қатори дигар шаҳру ноҳияҳои ватани азизамон ноҳияи Мурғоб низ бо баракти соҳибистиқлолӣ, ваҳдату ягонагӣ ва сиёсати созандаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои – миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастовардҳои назаррас ноил гардид. Чун анъана соли 2025 дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру навоии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон дар як муддати кутоҳ дар ҳудуди ноҳия як қатор иншоотҳои таъиноти иқтисодиву иҷтимоӣ бунёд ва мавриди истифодабарӣ қарор дода шудаанд. Аз ҷумла: 2 адад маркази инкишофи кудакон дар Ҷамоати деҳоти Ғоҷо Бердибаев ва деҳаи Саргумбази Ҷамоати деҳоти Аличор, неругоҳи барқии офтобии клонтарини Тоҷикистон бо иқтидори 2,8 мегавват дар Ҷамоати деҳоти Аличор ва инчунин деҳаи Гулзор, ки ба тариқи маҷозӣ бо иштироки бевоситаи Пешвои миллат мавриди истифодабарӣ қарор дода шудаанд. Сохтмони бунгоҳи тиббии деҳаи Гулзор, 5 адад гармхонаи мавсимӣ дар ҷамоати деҳоти Аличор, сехи қаннодии Нозанин дар маркази ноҳия бахшида ба 28 умин солгарди ваҳдати миллӣ ба истифода дода шудаанд, ки баҳри беҳтар намудани сатҳи зиндагии сокинони ноҳия такони ҷиддӣ хоҳанд бахшид.
Илова бар ин моҳи ноябри соли равон дар доираи сафари кории раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон Муҳтарам Мирзонабот Алишер Худобердӣ дар маркази ноҳия павилиони гушту шир, купруки пиёдагард дар соҳили дарёи “Сафедоб”, маркази дандонпизишки ноҳия, шуъбаи ҷароҳӣ ва кӯдаконаи беморхонаи марказии ноҳия, ки аз таъмири капиталӣ бароварда шудаанд бо иштироки бевоситаи раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон муҳтарам Мирзонабот Алишер Худобердӣ мавриди истифодабарӣ қарор дода шуданд. Инчунин 4 адад чоҳи амудӣ барои дастрасии сокинон бо оби тоза бунёд гардида, бо ташаббуси як қатор соҳибкорони маҳаллӣ мағозаи техникаи рузгор дар маркази ноҳия, ду адад қаҳвахона, ва маркази хизматрасонии нақлиёт бунёд гардида, мавриди истифодабарӣ қарор дода шудаанд.
Дар охир бархе аз хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия, бо стипендияи раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, стипендияи раиси ноҳия, стипендияи раиси Ҷамоат ва стипендияи мудири шуъбаи маорифи ноҳия сарфароз гардида, барномаи ҷолиби фарҳангӣ анҷомбахши мантиқии чорабинӣ гардид.

























