Имрӯз бо иштироки узви Маҷлиси Милӣ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси ноҳияи Мурғоб муҳтарам Раҷабзода Ҳусния Ҳукуматшо бахшида ба “31 — умин солагарди Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар маркази шаҳраки Мурғоб мағозаи фурӯши таҷҳизотҳои техникӣ, ки аз тарафи соҳибкори ноҳия таъсис дода шудааст мавриди истифодабарӣ қарор гирифта, дар толори ҷамоати шаҳраки Мурғоб маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид. Чорабинӣ бо садо додани суруди милӣ оғоз гардида, раиси ноҳия зимни баромади хеш аҳли нишастро бо фарорасии ин санаи муҳими таърихӣ табрику муборакбод намуданд. Қайд гардид, ки Конститутсия ин заминаи ҳуқуқии бунёди давлати соҳибистиқлоли тоҷикон буда, шакли ифодаи ҳуқуқии ормонҳои миллӣ, осори таърихӣ ва фарҳангӣ маҳсуб ёфта, дар он соҳибихтиёрӣ, истиқлолият, дахлнопазирии ҳудуди кишвар, моҳият ва вазифаҳои давлат, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, рамзҳои давлатӣ ва шакли давлатдории Тоҷикистон эълон шудааст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ таъкид намудаанд: “Баъди соҳибистиқлол шудани Тоҷикистон қабули Конститутсия яке аз дастовардҳои азими халқи мо мебошад. Он меҳварест, ки тамоми неруҳои созандаи кишварро дар руҳияи эҳтиром ба Қонун муттаҳид месозад”.
Дар охир бархе аз фаъолони ноҳия ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо ифтихорномаи раиси ноҳия қадрдонӣ гардиданд. Бо ҳамин чорабинии мазкур бо барномаи ҷолиби бахши фарҳанги ноҳия ҷамъбаст гардид.



















