Санаи 16 декабр бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мурғоб дар ҳудуди шаҳраки Мурғоб ва Ҷамоатҳои деҳоти ноҳия зиёда аз 50 нуқтаи тамошои дастаҷамонаи Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои – миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат ташкил гардида, ҳамаи кормандони идораву муассисаҳои ноҳия, сокинон ва наврасону ҷавонон аз тамошои Паёми навбатӣ баҳраманд гардиданд.
Дар Паёми имсола чун анъана Пешвои миллат ба соҳаҳои гуногуни иқтисодиву иҷтимоии мамлакат, таъсис додани ҷойҳои нави корӣ ва ба ин васила баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии сокинон диққати аввалиндараҷа доданд.
Қайд гардид, ки дар соли 2025 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як қатор дастовардҳои назарраси иқтисодиву иҷтимоӣ ноил гардида, дар ин муддат дар ҷумҳурӣ 400 корхонаҳои саноатӣ бунёд гардида мавриди истифодабарӣ қарор дода шудаанд. Пешвои миллат қайд намуданд, ки суръати рушди саноат дар Ҷумҳурӣ 22 фоизро ташкил дода, супориш дода шуд, ки барномаи саноатикунонии кишвар барои солҳои 2026 – 2030 таҳия ва пешниҳод гардад.
Дар қатори дигар соҳҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ дар Паёми имсола соҳаи маориф чун ҳамеша яке аз соҳҳаои афзалиятнок қайд гардида, вобаста ба рушди ин соҳаим муҳим Пешвои миллат ба масъулон супоришҳои мушаххас доданд.
Дар баробари кормандони соҳаи маориф музди меҳнати дигар кормандони соҳаҳаои гуногун, аз ҷумла: кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 20 фоиз, кормандони мақомотҳои маҳаллӣ ва дигар мақомотҳои идоракунӣ 20 фоиз, ва нафақа 15 фоиз баланд гардиданд.
Таҳлили мазмуну муҳтавои паёми соли ҷории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нишон дод, ки дар он ҳамаи мушкилиҳо, инъикоси хешро ёфтанд. Таваҷуҳи махсус доштани сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба илму маориф ва тарбияи насли наврас дар руҳияи худшиносиву худогоҳӣ ҳар як сокини вататни соҳибистиқлоламонро вазифадор менамояд, ки дар ободиву созандагии ватани хеш саҳмгузор бошем.






























