Наврӯз бо унвони иди баҳор ва эҳёшавии табиат дар тамоми кишварҳои осиёи марказӣ хусусан Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барҳақ ватани наврӯз аст бо хусусиятҳои хоси ин иди баҳорӣ дар давоми чанд рӯз ҷашн гирифта мешавад. Сокинони сарбаланди ноҳияи баландкуҳи Мурғоби Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон дар қатори дигар меъросбарони ҳавзаи тамаддуни наврӯзӣ ин ҷашни мардумиро дар маркази ноҳия ва Ҷамоатҳои деҳоти он бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил карда истодаанд. Тайи чанд рӯз аст, ки ин ҷашни байналмиллалӣ аз тарафи кормандони идораву муассисаҳои ноҳия бо урфу одатҳои неки аҷдодӣ ва расму оинҳои мардумӣ таҷлил гардида истодааст. Дар ин рӯзҳо мардуми мушкилнописанди ноҳияи Мурғоб баҳри дар сатҳи баланд таҷлил намудани иди байналмиллаии Наврӯз тамоми сунатҳои мардумии наврӯзи бостонӣ, оростани дастархон бо ҳафтсину ҳафтшин, таомҳои миллӣ, нону кулчақандҳои омодашудаи кадбонуҳои ноҳия, омода намудани хӯрокҳои асосии Наврӯзӣ яъне суманак ва дастовардҳои аҳли заҳмат ва маҳсулотҳои кишоварзӣ, идораву муассисаҳои ноҳия ба марази тамошо гузошта хурду бузурги ноҳия аз ҷаҳонӣ шудани ин ҷашни аҷдодӣ ифтихор намуда шукронаи ин дастоварди арзишманди таърихӣ ки дар натиҷаи азму талош ва пайгирии чандинсолаи Пешвои муазами миллат Президенти Ҷумҳарии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст оварда шудааст бо шкуҳу ҷалоли хоса таҷлил намуда истодаанд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки наврӯз ҷашнест, ки маҳаки инсонгароӣ дошта мардумро ба накӯкорӣ ҳамдигарфаҳмӣ кӯмак ба ятимону ниёзмандон, ободкориву хайру сахо, сарсабзиву шукуфоии кишвар даъват намуда баҳри ҳар як иқдоми нек заминаи мусоидро фароҳам меорад.
Қобили зикр аст, ки таррануми наврӯзӣ дар шаҳраку Ҷамоатҳои деҳоти ноҳия идома дошта сокинони ноҳияи баландкуҳи Мурғоб дар қатори дигар шаҳру навоии ватани азизамон баҳри дар сатҳи баланди маърифатию фарҳангӣ таҷлил намудани иди байналмиллалии Наврӯз саъю талош доранд.