Дар дунёи муосир, ки пур аз нооромӣ ва ҷангу ҷидол аст, бе ягон шакку шубҳа ваҳдату ҳамдилӣ ва оромию осудагӣ беҳтарин неъмат маҳсуб мегарданд.
Хушбахтона, миллати сарфарозу сулҳпарвари тоҷик аз қарнҳои гузашта ин ганҷи ноёбро қадр менамуд. Дар масири таърих миллати тоҷик ваҳдату ҳамбастагиро бо қавму миллатҳои дигар низ дар мақоми аввал гузоштааст. Расидан ба истиқлолияти давлатӣ барои пешрафти Тоҷикистон роҳи васеъ боз намуд, аммо доираҳои ғаразноки берунӣ бо истифода аз қувваҳои раҳгумзадаи дохилӣ нагузоштанд, ки кишвар дар солҳои аввал аз неъмати истиқлолият комилан баҳравар гардад. Ин воқеаҳои даҳшатбор боиси ҳалокати садҳо ҳазор нафар сокинони кишвар ва фирорӣ шудани беш аз як миллион нафар ҳамватанони мо гардиданд. Ба иқтисодиёти мамлакат хисороти зиёд ворид гардида, инфрасохтори иқтисодиву иҷтимоӣ харобу валангор шуд. Дар баробари ин, гурӯҳҳои алоҳида аз норомии ҷомеа истифода намуда, молу амвол ва таҷҳизоти бисёр корхонаҳои саноатии мамлакатро ғасб намуданд, ки ин воқеъаҳои даҳшатбор метавонистанд миллати тоҷикро аз харитаи сиёсии ҷаҳон ҳамчун миллат берун кунад.
Хушбахтона, ба бахти халқи тоҷик фарзанди асил, шуҷоъ ва бонангу номуси миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи таърихии 16-уми тақдирсоз зимоми идораи давлатдориро мардонавор ба даст гирифт ва бо қимати ҷони худ талош варзид, то ки роҳи ҷангу хунрезӣ гирифта шавад ва сулҳу субот дар кишвар таъмин гардад. Шукргузор аз он ҳастем, ки ба мо насиб шуд, ки дар муддати нисбатан кӯтоҳ пеши роҳи низои даҳшатноки дохилӣ гирифта шавад, миллат аз нестшавӣ эмин ёбад ва барои ташкили давлатдории муосир, ки онро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қариб аз сифр шурӯъ намуд, то ба рушди мамлакат заминаи мусоид фароҳам оварда шавад.
Ҳукумати ҷумҳурӣ таҳти сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми қувваву воситаҳои дар ихтиёрдоштаро ба рушди устувори иқтисоди миллӣ, сохтмони роҳҳо, нерӯгоҳҳо, ташкили корхонаҳои хурду калони саноатӣ равона карданд ва имрӯз мо миллати сарбаланди тоҷик таҳти сиёсати оқилона ва созандаи ин абармарди бузург дар ин самт ба дастовардҳои назаррас ноил гардидем.
Ба туфайли истиқлолият ва ваҳдати миллӣ имрӯз дар қатори дигар манотиқи кишвар симои ноҳияи Мурғоб комилан тағйир ёфта, сатҳи зиндагӣ ва шароити рӯзгори мардуми он нисбат ба чанд солҳои пеш рӯз то рӯз беҳтар шуда истодааст. Қайд кардан ба маврид аст, ки сокинони сарбаланди ноҳияи Мурғоб таҳти таваҷҷуҳи бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, бо шарофати ваҳдати миллӣ ва ғамхории Пешвои муаззами миллат, дар ободиву созандагии ватани азизамон саҳми худро гузошта истодаанд.
Бояд қайд карда шавад, ки ҳукумати малакат ба душвориҳои иқтисодӣ-иҷтимоӣ нигоҳ накарда, корҳои созандагию ободкориро дар ноҳияи Мурғоб идома дода, симои зоҳрии марказу Ҷамоатҳои ноҳия рӯз то рӯз ба кулӣ тағйир ёфта истодааст.
Бо шарофати сулҳу оромӣ, ваҳдату ягонагӣ дар ноҳия иншоотҳо таиноти гуногуни иқтисодию иҷтимоӣ сохта шуда сохтмони як қатор иншоотҳои дигар идома дошта, дар оянда иқтидори саноатии ноҳияро баланд бардошта ба пешравию беҳбудии сокинони ноҳия такони ҷиддӣ хоҳанд бахшид.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки ваҳдат дар сурате бегазанду абадӣ мемонад, ки ҳар як шаҳрванди кишвар манфиати милливу давлатиро аз ҳама манфиатҳои дигар боло гузорад, барои иттиҳоду ягонагии ҷомеа талош намояд, ба қадри сарзамини аҷдодии хеш расад ва онро чун модари худ азизу муқаддас шуморад. Ваҳдати миллӣ ба ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ нерӯву тавон, сабру таҳаммул, файзу баракат ва ҳиммати ҷавонмардона ато кардааст, ки дар лаҳзаҳои душвору мураккаб халқи мо боз ҳам муттаҳидтар шуда, даст ба дасти ҳам барои суботи устувор ва оромии ватанамон дар бари фарзонафарзанди миллат Пешвои муаззами миллат софдилона заҳмат мекашанд. Мо инро дар чандин лаҳзаҳои душвор мушоҳида кардем. Бо пойдории истиқлолияти Ватан, пойдории Ваҳдати миллӣ, ҳамаи сокинони ноҳия ва ҳамватанонро ба муносибати 28-умин солгарди Ваҳдати миллӣ самимона табрик мегӯям ва ба хонадони ҳамагон саодату хушбахтӣ ва барои Тоҷикистони азизамон оромиву ободӣ ва Ваҳдати миллии ҷовидонӣ орзу менамоям. Бигузор осмони соф, сулҳу суботи поянда, дастовардҳои Ваҳдати миллӣ, ормонҳои волои истиқлолият ва ҳадафҳои наҷиби созандагӣ илҳомбахши рӯзгори осудаҳолонаи мардуми мамлакати мо бошанд! Нигоҳдорӣ ва ҳифзи Ваҳдати миллӣ мақсаду мароми асосии мост.
Ваҳдати миллӣ муборак!
Муовини раиси ноҳияи Мурғоб: Мурзаммат Абдуқаюм