Ба ҳамагон маълум аст, ки Ваҳдати миллӣ асоси хушбахтии халқ ва муҳимтарин омили бақои давлату миллат буда, дар ватани азизи мо он бо заҳматҳои хастанопазири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳз 27-уми июни соли 1997 баъди музокироти тӯлонӣ ба хотири ҳифзи якпорчагии марзу буми кишвар, таъмини сулҳу субот, сарҷамъии миллат ва зиндагии ороми сокинони мамлакат бо ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ ба даст омадааст. Ин санаи муҳим дар таърихи навини халқамон аз ҷумлаи аснодҳои сарнавиштсоз ба ҳисоб меравад. Маҳз ин санади таърихӣ ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ хотима бахшида, барои оғози бунёди давлатдории тоҷикон ва ҳаёти орому осудаи мардуми он шароити мусоид фароҳам овард.
Аслан вожаи ваҳдат барои ҳар миллат мафҳуми пурарзиш мебошад. Дар дунё халқе, ё миллате нест, ки ин калимаро гиромӣ надорад. Ваҳдат агар дар ҳар замон бар ҳар гуна забон садо диҳад ҳам, аммо маънии ягонаро баён сохта барои ҳама азизу муътабар аст. Дар тамоми давраҳои таърих халқи тоҷик маҳз бо Ваҳдату фарҳанги воло бақои хешро таъмин кардааст. Вале дар замони соҳибистиқлолии кишвар ин вожа муҳимияти хосаро касб намуд. Зеро душманони миллату давлат дар оғози истиқлолияти давлатӣ ҷанги таҳмилиро бар души мардуми тоҷик бор карда мехостанд, кишварро ба вартаи нобудӣ расонанд. Бо ин мақсад ҷомеаро ба гурӯҳҳо, маҳаллаҳо, созмонҳо, тақсим сохта, сохторҳои давлатиро фалаҷ гардониданд. Дар натиҷа низоҳои дохилӣ шаҳру навоҳи, деҳаю шаҳракҳо хароб гардида, даҳҳо ҳазор одамон қурбон шуданд. Тоҷикистон сафинаеро мемонд, ки дар миёни чор дарё тахтабанд шуда буд ва роҳи халоси меҷуст. Он замон меёрҳои Консититутсионӣ ва дигар қонунҳои амалкунанда поймол гардида, ҷинояткориву зӯроварӣ ва қонуншикани ба як рафтори муқаррари табдил ёфта буд.
Хавфи пароканда шудани миллати тоҷик ва барҳам хӯрдани давлати ҷавони тоҷикон руз аз руз зиёд мегардид. Дар чунин шароит роҳбарияти давлат бо эҳсоси маъсулияти баланд барои ояндаи Ватан ва халқи Тоҷикистон дар назди худ вазифа гузошт, ки бо истифода аз тамоми роҳу воситаҳои имконпазир ҳар чи зудтар фазои сулҳу оромӣ ва амнияти миллиро ба Точикистон баргардонад. Барои амали намудани ин мақсад Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар зиёда аз бист музокироти расмӣ бо мухолифин бо ҷасорати ба худ хос иштирок намуд, ки аксари онҳо дар ҳудуди берун аз ҷумҳури баргузор гардида буданд. Таърих гувоҳ аст, ки марҳилаи Ваҳдатофарӣ барои мардуми точик марҳилаи осон набуд. Оқибати заҳмату талошҳо миллати шарафманди точик таҳти сарварии Пешвои хирадманди хеш бори дигар ба ҷаҳониён собит намуд, ки дар ҳақиқат яке аз миллатҳои соҳибмаърифату мутамаддин ва хирадпешаву сулҳдӯст мебошад ва қодир аст, ки дар марҳилаҳои таърихиву тақдирсоз роҳи ҳалли осоиштаи мушкилоти ба миёномадаро пайдо намояд.
Аз баракати ин саъю талошҳо Сулҳу Ваҳдат дар ватани аҷдодии тоҷикон барқарор гардида, дар қатори дигар манотиқи кишвари азизамон ноҳияи Мурғоб ҳамаруза рушд намуда, сатҳи зиндагӣ ва шароити рӯзгори мардуми он нисбат ба солҳои пеш бамаротиб беҳтар шудааст.
Мо сокинони ноҳия аз дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати милли, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, миннатдор буда, ҳамеша кушиш дорем манфиати милливу давлатиро аз манфиатҳои дигари шахсиву фардӣ боло гузошта, барои иттиҳоду ягонагии ҷомеа, ҳифзи сарзамини аҷдодӣ ва Ваҳдати абадӣ амал намоем.
Муовини якуми раиси ноҳияи Мурғоб Пайшанбизода Неру Муродгул.