Санаи 23 январи соли 2026 гуруҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мурғоб таҳти роҳбарии муовини раиси ноҳия бо афсарон ва сарбозони қисмҳои низомии ноҳия оиди шарҳу тавзеъи нуқтаҳои асосии Паёми навбатии Пешвои — миллат ба Маҷлиси Олии мамлакат вохӯрии судманд баргузор намуданд.
Дар вохӯрӣ муовини раиси ноҳия суханронӣ намуда, қайд карданд, ки Сарфармондеҳи олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таъмини шарту шароити арзанда барои авсарону сарбозон диққати аввалиндараҷа дода, аз давраи таъсиси артиши миллӣ то инҷониб нисбати ин ниҳоди муҳим ғамхории беандоза зоҳир намуда истодааст.









