Санаи 2 июли соли ҷорӣ тибқи нақшаи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мурғоб гуруҳи муштараки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мурғоб баҳри вусъат додани корҳои ташвиқотию тарғиботӣ бо сокинони ноҳия вохӯрӣ ташкил ва баргузор намуд.
Дар вохӯрии мазкур муовини аввали раиси ноҳияи Мурғоб, намояндаи Ҷамоати шаҳраки Мурғоб, мудири бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои МИҲД — и ноҳия, мудири бахши кор бо занон ва оилаи назди МИҲД — и ноҳия, намояндаи шуъбаи КДАМ ҶТ дар ноҳия, муовини комисари ҳарбии ноҳияи Мурғоб, намояндаи КАТС — и ноҳия, сардори МНДСЭ — и ноҳия ва муовини раиси КИҲХДТ дар ноҳия иштирок ва суханронӣ намуданд.
Замни суҳбати самимӣ масъулин аз иштирокдорон баҳри саҳмгузорӣ дар ободиву созандагӣ, тозагии маҳаллаву кӯчаҳо, тарбияи насли наврас дар руҳияи худшиносиву худогоҳӣ, пешгирӣ аз шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои терористиву экстремистӣ даъват ба амал оварданд.