Санаи 14 январи соли 2025 гуруҳи кории мақомоти иҷроияи ҳокимяти давлатии ноҳияи Мурғоб бо иштироки мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия, мудири бахши кор бо занон ва оилаи назди МИҲД — и ноҳия, мудири бахши кор бо ҷавонони ноҳия, намояндаи ШВКД ҶТ дар ноҳия, ва намояндагони шуъбаи маорифи ноҳия бо волидону хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 9 вохӯрии судманд баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ масъулин нуқтаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро шарҳу тавзеъ дода, аз иштирокдорон даъват ба амал оварданд, ки дар тарбияи насли наврас, яъне фарзандони худ бо роҳи мустаҳкам намудани ҳамкорӣ бо мактаб саҳмгузор бошанд. Барои ҷалби фарзандон ба озмунҳои ҷумҳуриявӣ аз қабили “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” , “Илм фурӯғи марифат”, “ Тоҷикистон ватани азизи ман” ва дигар озмунҳои ҷумҳуриявӣ чораҳои зарурӣ андешида ба ин васила дар донишандӯзии насли наврас ва тарбияи онҳо дар руҳияи худогоҳиву худшиносӣ саҳмгузор бошанд.











