Санаи 25 декабри соли 2025 гурӯҳи корӣ таҳти роҳбарии муовини Раиси Маҷлиси Намояндагон Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Гиёҳзода Қодир ва ректори Донишгоҳи Давлатии шаҳри Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев Комилбек Амид Ёрбек бо сокинони ноҳияи Мурғоб вохӯрӣ баргузор намуданд. Вохӯрии гуруҳи корӣ аз Ҷамоати деҳоти Аличори ноҳияи Мурғоб оғоз ва бо сокинони шаҳраки Мурғоб ва Ҷамоати деҳоти ба номи Ғ.Бердибаев баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ раиси ноҳияи Мурғоб муҳтарам Раҷабзода Ҳусния Ҳукуматшо меҳмононро ба ноҳияи Мурғоб хушомад намуда, минатдории тамоми сокинони ноҳияи дурдасти Мурғобро барои ташрифи меҳмонони олиқадр ба ин диёри баландкуҳ изҳор намуданд.
Гиёҳзода Қодир муовини Раиси Маҷлиси Намояндагон Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни баромади хеш аз Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои – миллат, муҳтатарм Эмомалӣ Раҳмон ки саннаи 16 декабри соли 2025 ба Парлумони мамлакат ироа гардид ёдоварӣ намуда, қайд карданд, ки Тоҷикстон таҳти роҳбарии Пешвои миллат тайи чанд соли охир ба дастовардҳои назарраси иқтисодиву иҷтимоӣ ноил гардида, имрӯз ба давлати ташаббускори сатҳи ҷаҳонӣ табдил гардидааст.
Инчунин Комилбек Амид Ёрбек ректори Донишгоҳи Давлатии шаҳри Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев оиди моҳият ва муҳтавои таърихии Паём ибрози андеша намуданд. Қайд гардид, ки пас аз ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ хатари аз байн рафтани давлати Тоҷикон ба миён омад. Бо заҳмату талошҳои шабонарузии фарзонафарзанди миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати тамаддунофари тоҷик на танҳо истиқлолияту ваҳдати миллиро мустаҳкам намуд, балки ба дастовардҳои назаррас ноил гашта дар арсаи байналмиллаӣ обрӯю эътибори хосса пайдо намуд.
Дар охир бо иштирокдорони ҷамомад суҳбати озод баргузор гардида, бархе аз фаъолон оиди нақши Паём дар ободкориву созандагии Ватани азизамон хуссусан ноҳияи Мурғоб ибрози андеша намуданд. Қайд карда шуд, ки ноҳияи баландкуҳи Мурғоб таҳти таваҷҷуҳи бевоситаи роҳбарияти олии мамлакат қарор дошта дар як муддати кутоҳ бо бунёд гардидани иншоотҳои гуногуни иқтисодиву иҷтимоӣ ба яке аз ноҳияҳои тарақикардаи ҷумҳурӣ табдил ёфта истодааст.












