Санаи 6 январи соли равон гуруҳи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон бо сардории Фирузи Рамазон – сардори шуъбаи коргузорӣ ва протоколи дастгоҳи раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, Акрамзода Анвар – сардори ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ва Азизбек Раҳимдод – директори донишкадаи такмили ихтисоси кормандони соҳаи маорифи Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон бо сокинони маркази ноҳияи Мурғоб ва Ҷамоатҳои деҳоти он оиди нуқтаҳои асосии Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии мамлакат, ки санаи 16 декабри соли 2025 ироа гардид вохӯрии судманд баргузор намуданд.
Гуруҳи кориро мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия Барамбеков Шоҳинбек ҳамроҳӣ намуданд.
Зимни баргузории вохӯрӣ қайд гардид, ки Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои – миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар на танҳо ҳуҷҷати барномавӣ, балки Харитаи ҳар як сокини кишвар барои ҳифзи истиқлолият ва расидан ба зиндагии шоиста мебошад.
Гуфта шуд, ки Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ таҳти сиёсати сулҳҷӯёна ва созандаи Пешвои миллат аз як кишвари ҷангзада ба давлати рӯ ба тарақӣ ва ташшабускори сатҳи ҷаҳонӣ табдил ёфта, имрӯз ташаббусҳои Пешвои Тоҷиконро созмонҳои бонуфузи байналмиллалӣ ба хушнудӣ қабул намуда, аз рӯи он кору фаъолият намуда истодаанд.
Дар охир бархе аз сокинони ноҳия оиди Паёми навбатии Пешвои миллат ибрози андеша намуда, қайд карданд, ки Паёми имсолаи Пешвои миллат паёми субот, созандагӣ ва худшиносӣ аст ва сокинони ноҳия кушиш ба харҷ медиҳанд, ки ҳар як нуқтаҳои Паёмро сармашқи кору фаъолияти рӯзмарраи худ қарор медиҳанд. Сокинони ноҳия ҳамеша пуштибони сиёсати хирадмандонаи Роҳбари давлат ҳастанд ва барои ободии ин гӯшаи дурдасти Ватан саъю талош намуда, барои Мурғоби обод, Тоҷикистони озод ва барои ояндаи дурахшони фарзандонашон атрофи сиёсати башардӯстонаи Пешвои миллат муттаҳид мебошанд.
ВОХУРИИ ГУРУҲИ КОРИИ МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ МУХТОРИ КУҲИСТОНИ БАДАХШОН ОИД БА ШАРҲУ ТАВЗЕЪИ НУҚТАҲОИ АСОСИИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
8






























