Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мурғоб барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд:
-
- Мудири бахши молия ва муҳосиботи дастгоҳи раиси ноҳияи Мурғоб, маоши мансабӣ 3150 сомонӣ 68 дирам
Талаботи тахассусӣ нисбати Довталаб:
— Таҳсилоти олии касбӣ, Иқтисодчӣ ихтисос ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.
— 3 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 4 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
— дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;
— малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
— донистани забони давлатӣ, забонҳои хориҷӣ ва малакаи кор бо компютер
-
- Сармутахассис-муҳандиси заминсозӣ Ҷамоати деҳоти Ғ.Бердибаев ва Ҷамоати деҳоти Қаракули ноҳияи Мурғоб — маоши мансабӣ 2592 сомонӣ 60 дирам
Талаботи тахассусӣ нисбати Довталаб:
— таҳсилоти олии касбӣ, муҳандиси-заминсоз, танзими замин, таҷдидсозӣ ва ҳифзи замин, муҳандис мелиоратор агроном, агрохимия ва хокшиносӣ, геодезия, топограф ва харитасоз;
— 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
— малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
— донистани забони давлатӣ, забонҳои хориҷӣ ва малакаи кор бо компютер;
-
- Сармутахассиси-дин, танзим ва ҷашну маросими Ҷамоати деҳоти Аличур ва Ҷамоати деҳоти Қаракули ноҳияи Мурғоб маоши мансабӣ 2592 сомонӣ 60 дирам
Талаботи тахассусӣ нисбати Довталаб:
— таҳсилоти олии касбӣ, ихтисос диншиносӣ, шарқшиносӣ, (арабӣ форсӣ, уруду), ҳуқуқшиносӣ, фалсафӣ, таърихшиносӣ, сиёсатшиносӣ, идоракунии давлатӣ, филологияи тоҷик, омӯзгори фанни таърих, таърих ва ҷамиятшиносӣ, таърих ва ҳуқуқ таърих ва педагогика, забон ва адабиёти тоҷик, забон ва адабиёти узбек, (бо бартарӣ додан ба ихтисосҳои диншиносӣ, шарқшиносӣ ва ҳуқуқшиносӣ)
— 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
— малакаи хуби муошират ба аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
— донистани забони давлатӣ, забонҳои хориҷӣ ва малакаи кор бо компютер;
-
- Сармутахассис-сармуҳосиби Ҷамоати деҳоти Қаракул маоши мансабӣ 2592 сомонӣ 60 дирам
Талаботи тахассусӣ нисбати довталаб:
— таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси муҳосибӣ, иқтисодчӣ;
— 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
— малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани
ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
— донистани забони давлатӣ, забонҳои хориҷӣ ва малакаи кор бо компютер
-
- Мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси ноҳияи Мурғоб, маоши мансабӣ 1827 сомонӣ
Талаботи тахассусӣ нисбати довталаб:
— таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбӣ, ихтисоси ҳуқуқшиносӣ, идоракунии давлатӣ, таърих ва ҳуқуқ, фанҳои гуманитарӣ ё ихтисоси мувофиқ;
— малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
— донистани забони давлатӣ, забонҳои хориҷӣ ва малакаи кор бо компютер;
-
- Мутахассиси пешбари бахши фарҳанги ноҳияи Мурғоб – маоши мансабӣ 2331 сомонӣ 60 дирам
Талаботи тахассусӣ нисбати довталаб:
— таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси фарҳангшиносӣ, коргардон, филологияи тоҷик, рӯзноманигорӣ, ихтисоси ба мансаб мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
— малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани
ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
— донистани забони давлатӣ, забонҳои хориҷӣ ва малакаи кор бо компютер;
-
- Мутахассиси бахши бойгонии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мурғоб, маоши мансабӣ 1827 сомонӣ
Талаботи тахассусӣ нисбати довталаб:
— таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбӣ, ихтисос ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.
— малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани
ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
— донистани забони давлатӣ, забонҳои хориҷӣ ва малакаи кор бо комшотер;
Довталабон барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод менамоянд:
— Ариза ба номи раиси ноҳия;
— Варақаи шахсии баҳисибгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи 4 х 6);
— Тарҷумаи ҳол;
— Нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;
— Нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи
меҳнатӣ надорад);
— Маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ дар шакли 038 УЕ;
— Нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;
-. Маълумот дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;
— Нусхаи шиноснома;
— Нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо
намудаанд);
— Маълумотнома оид ба доғи судӣ.
Мӯҳлати қабули ҳуҷҷатҳо 21 рӯз баъд аз нашри эълон.
Суроға: шаҳраки Мурғоб, кӯчаи Исмоили Сомонӣ, бинои дастгоҳи
раиси ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон.
Индекс 736600
Телефонҳо барои тамос: +992 55 015 49 59;
+992 90 142 10 99;